БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақвияти робитаи ҲХДТ бо маҳал бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат

ПАНҶ. Таи чанд рӯз аст, ки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳия дар ҳамаи деҳаҳо ва маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов вохӯриву мулоқотҳоро баргузор намуда истодаанд.

Ин навбат дар маҳаллаи Пуштароғи ҷамоати деҳоти мазкур  бо сокинон ва мардуми заҳматкаши ҳамин маҳалла мулоқот баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо ба мардум фаҳмонидани моҳияту мақсад ва мароми созандаву бунёдкоронаи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо роҳи дуруст тарбияи намудани насли наврас, ба танзим даровардани кору зиндагонии мардуми деҳот, ҳамзамон  пешгирии   гаравиши ҷавонони деҳот ба ҳизбу ҳаракатҳои  иртиҷоӣ мебошад.

Сараввал мудири шуъбаи матлубот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шомаҳмадзода  Музаффар баромад намуда, қайд кард, ки ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби оммаи васеъи сокинон дар амалӣ намудани  ҳадафу  мақсад ва кору пайкори созандаи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  соли 2018 «Соли тақвияти робита бо маҳал»  эълон гардидааст.

Бинобар ин, Кумитаи иҷроия тасмим гирифтааст, ки имрӯз  бо сокинони деҳа вохӯрӣ баргузор намояд.

Яке аз масъалаҳое, ки  вобаста ба ин раванд нигаронида шудаанд, фаъол гардонидани  аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзу ҳуввияти асолати миллӣ ва мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар онҳо мебошад.

Дар идома раиси маҳалла Мирзоев Сулаймон баромад намуда,  аз иқдоми пешгирифтаи ҳизбиён изҳорӣ миннатдорӣ намуда, ба боварии комил баён намуд, ки дар ободонию созандагии деҳот аҳли маҳалла саҳмгузор мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg