БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва пурарзиши миллат!

ШАҲРИТУЗ. Дар деҳаи Асомуддин Муродови ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Носирзода Абдукарим бо сокинони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Носирзода Абдукарим дар назди ҷамъомадагон оид ба  шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки ба некӯаҳволӣ ва рӯзгори осоиштаи мардум  равона карда шудааст, суханронӣ намуд.

Инчунин, дар ин радиф мавсуф оид ба  тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сирояткунандаи ВИЧ/СПИД, сил, гепотит, рушди ҳунарҳои мардумиро баррасӣ карда, онҳоро барои ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар ва арзишҳои волои миллӣ даъват намуд.    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg