БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Осудагии рӯзгори мардум ҳадафи аслии ҲХДТ

ХУРОСОН. Дар деҳаи Навобод 1-и ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва сармуҳосиби Кумитаи иҷроия Ғуломов Саидасрор вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин, дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди анъанаҳои неки ниёгон, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ аз майл ба фарҳанги бегона, хурофотпарастӣ, огоҳонидани мардум аз хатарҳои ҷаҳони муосир суханронӣ намуд.

Иштирокдорон суханрониҳои сухдмандро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ваъда доданд, ки дар ободиву шукуфоии Ватан ва дар амалӣ гаштани самтҳои афзлиятноки фаъолияти ҲХДТ саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg