БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ вазифаи асосии мост!

НОРАК. Гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо ҷалби истиқоматкунандагони деҳаи Наизирак  вохӯрӣ доир гардид

Дар вохӯрӣ  гурӯҳи таблиғотӣ оид ба дастуру супоришҳо ва  тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу бум, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ,  боз ҳам ободу шукуфон кардани Ватан, муқовимат бо коррупсия, аз нав эҳё намудани  ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва аз ин ҳисоб баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон суханронӣ  намуда,  иштирокдоронро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват намуданд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg