БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ВАКИЛОН ВОБАСТАГӢ ДОРАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ бо аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии мазкур вакилон иштирок дошта, чорабиниро раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Муқимиён Шодиҷон ҳусни ифтитоҳ бахшида, барои баррасии масъалаҳои чорабинии ҳизбӣ фикру андешаҳои хешро баён дошт.

Насим Сабурзода муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар рафти баромади хеш вобаста ба Барнома ва нақшаи кории вакилони Маҷлиси вакилони харқи ноҳияи Ҷайҳун дар давраи 5 соли оянда, иштироки фаъолонаи онҳо дар амалӣ кардани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу таблиғ ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, иштирок ва саҳмгузорӣ дар амалисозии аксияҳо ва чорабиниҳои ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ муфассал суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми суханронӣ Сабурзода Насим аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, ки аз ҲХДТ пешбарӣ гардидаанд, даъват ба амал овард, ки баҳри пешрафту ободонии кишвари азизамон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор гузошта, барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони азиз кӯшиш намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg