БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲРВАНДОН АЗ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ФОИДАИ ХУБ БА ДАСТ МЕОРАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии назди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҳангоми боздид аз  заминҳои наздиҳавлигии  сокинони деҳаи Ҳалқаёри  Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ бо  натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули онҳо   ҷиҳати рӯёнидани ҳосил баҳои баланд доданд.

Аз мушоҳидаҳои ҳамарӯза бармеояд, ки сокинони  ноҳия  аз заминҳои  наздиҳавлигии  худ    тавассути меҳнати ҳалол даромади калон  ба даст меоранд. Кормандони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  ҳамарӯза  аз ҳолати кор дар  заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаи онҳо дидан намуда, барои истифодаи самаранок аз ин заминҳо ва рӯёнидани чанд ҳосил аз як замин  маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Дар суҳбати доирнамуда дар деҳаи Ҳалқаёр, ки   зиёда аз 76  нафар  соҳибхонаҳо иштирок намуданд, оид ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  ҷиҳати истифодаи самараноки замин ба худ маълумоти зарурӣ гирифтанд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg