БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ ДАСТГИРИҲОИ ВАКИЛОН РУҲБАЛАНД ГАРДИДАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстона ва ятимпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Қурбон даст ба амали хайрхоҳона зада, ба оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторон, шахсони яккаву танҳо кумаки молию молиявӣ расониданд.  

Дар арафаи ҷашн вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 7 Фирдавс Мирзоалиев ба сокинони деҳаи Токаку Даҳани шол ба миқдори муайян воситаҳои муҳофизатӣ аз бемории сироятии ковид -19 кумак карда,  муоинаии  тиббии оилаҳои ниёзманди ҳар ду деҳаро тариқи ройгон ба уҳда гирифтааст, ки корафтодагон аз ин амали вакил  қаноатманданд. Вакилони  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Файзова Авзалбӣ,  Юнусов Шаҳобиддин, Бобоназаров Саймумин, Сироҷов Ғолибшоҳ, Мӯнисов Қудратулло дар ин  раванд ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа маводи ғизоӣ, кумак намуданд.  Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  Азизулло Муродов, Ҷумъахон Қаюмов ва Саидакбар Умаров бошад ба оилаҳои бесаробонмонда ва кӯдакони ятим ба миқдори муайян кумаки молиявӣ расониданд, ки иқдомҳои ватандӯстона аз ҷониби шахсони эҳтиёҷманд бо хушнудӣ пазируфта шуданд. Инчунин, дар ин рӯз аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҳизб ба 5  оилаҳои ниёзманд кумаки молиявӣ расонида шуда,  чунин иқдомҳои  неку созанда пайваста дар араафи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ роҳандозӣ карда мешавад. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg