БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ҲИФЗ НАМОЕД!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди ноҳия корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба пешгирӣ  аз паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» доир намуданд.

Масъулин ҳангоми суҳбат иброз доштанд, ки риояи ҳатмии роҳу усулҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили истифода аз усулҳои ҳатмии воситаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла тарзи истифодаи ниқоб ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, масъалан чӣ гуна тоза шустани дастон, тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист барои ҳар як шахс муҳим мебошад.

Инчунин, ба онҳо маводҳои безараргардонӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд. 

        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg