БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАҲОНРО ХУРРАМӢ АЗ ДЕҲҚОН АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади бархурдор намудани сокинон аз хуруҷи дуюми бемории сироятии коронавирус  ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Кангурт бо усули “хона ба хона” мулоқот баргузор гардид.

Раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид оид ба ҷалби сокинон ба корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, дар  ҳар  сотиқ  замин,  вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешигирии бемории сироятии COVID - 19 ва инчунин ҷиҳати ихтиёран сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 ибрози  сухан  намуда, таъкид кард, ки татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манфиати ҳар як сокини кишвар  мебошад ва моро лозим аст аз имкониятҳои ба дастомада истифода бурда, баҳри таъмини зиндагии арзанда талош варзем.

Дар анҷоми суҳбат ба  иштирокчиён  муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, варақаҳои иттилоотии истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ ва китоби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg