БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ САЛОМАТИИ ХУД ВА НАЗДИКОНАМОН ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо мақсади пешгирии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули “хона ба хона” чорабинии ҳизбӣ роҳандозӣ гардида.

масъулин қайд карданд, ки бемории сироятии коронавирус имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар аксари кишварҳо новобаста аз корҳои ба сомон расонида ҳоло ҳам шумораи зиёди одамон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.

Сироятёбӣ ва фавти одамон бар асари вируси мазкур дар ҳамаи кишварҳои дунё ба қайд гирифта шуда истодааст. Ҳамчунин, дар идомаи сухан истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, кишти  такрорӣ ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ба дарки ҳамагон расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg