БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД…

ВОКУНИШ. Вақтҳои охир ба тариқи расонаҳои иттиллотӣ ба воситаи роҳбарияти собиқ  ТЭТ ҲНИ ба вазъиятӣ иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муғризонае интишор мешавад, ки фазои идеологии кишварро фаро мегирад. Роҳбарияти собиқ ТЭТ ҲНИ бар хилофи масъалаи бунёди аслии ҳизби худ риёкорона ҷонибдории хешро аз арзишҳои демократӣ ва ҷомеаи мардумсолор вонамуд мекунад. Ин ба ҷузъ замонасозӣ ва бозии сиёсӣ чизи дигаре нест.

Агар дарвоқеъ ҳадафи роҳбарияти собиқ ҲНИ таъмини амну субот, сулҳу Ваҳдати  миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, пас чаро роҳбарияти собиқ ҲНИ соли 2015 расман шартномаи сулҳ ва истиқрори миллиро якҷониба беэътибор донист.   Ҳамин  буд, ки моҳи сентябри соли 2015 муборизаи муташаккилонаву мусаллаҳонаи аъзо ва ҷонибдори собиқ ҲНИ ба амал омад, боиси нооромӣ  ва марги даҳҳо шаҳрвандони кишвар гардид. Пас барои роҳбарияти собиқ ҲНИ дар воқеъ кадом ҳадаф волост? Аз роҳбарияти собиқ ҲНИ пурсид, ки онҳо тӯли фаъолияти расмии худ дар кишвар ва Ватан ғайр аз муташанниҷ кардани вазъи сиёсии ҷомеа ва талош барои ҳифзи манофеи гурӯҳи худ дигар чӣ коре анҷом додаанд?

Эй муддаиёне, ки ҳадиси ватандории шумо соф аз ту даъвои миллатдӯстии шумо ғазаф, лек дар хотир дошта бошед, ки мардуми тоҷик баъд аз таҳаммули бори сангин ва нангини ҷанги шаҳрвандӣ, ки боиси ҳисороти азими иқтисодиву талафоти зиёди ҷонии шаҳрвандони маъсуму бегуноҳ гардид ва садҳо ҳазор ятимону бепарасторони хонабардӯшро дар чорсӯи тақдир бесарпаноҳ вогузошт, дигарбора ба даъватҳои ҷангҷӯёнаи шумо рӯ ба сӯи хиёбонҳо нахоҳад кард.

Миллати тоҷик дигар ба шиори фиребои ватанпарастонаи шумо бовар намекунад. Модари тоҷик ҳанӯз аз ёди фарзандони шаҳиди маъсуми худ ашк мерезанд, бо шунидани даъвати ҷанг сукут нахоҳанд кард. Дигарбора ҳеҷ касе аз ҳамватанон намеҳоҳад, ки дар кӯчаву хиёбонҳои мо ба ҷои видои шодбошу хандаву суруд садои даҳшатбори тиру туфанг ғулғула андозад.

Агар шумо воқеан ҳам меҳанпарасту миллатпарвар бошед, пас бояд ҳамчун фарзандони содиқи Ватан барои миллату давлат ва рафъи мушкилот ҳиссагузор шавед.

Сиёсати хирадмандонаву талошҳои ватанпарастона ва саъю кӯшишҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллатро сидқан ҷонибдорӣ намуда,  ҳаргиз ба ифротгароён имкон намедиҳем, ки вазъи сиёсиву иҷтимоиро дар кишвар муташаниҷ кунанд, чунки амну суботи сиёсиву Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти кишвару якпорчагии Ватани азиз аз волотарин арзишҳои ҷомеа ва муққадасоти давлатии мост!

Қурбонзода  Абдуҷаббор, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg