БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА НАЗДИКОНАТРО АЗ СИРОЯТЁБӢ ЭМИН НИГОҲ ДОРЕД!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Давлатшоёни Ҷамоати деҳоти Кангурт бо мақсади бархурдор намудан ва пешгирии бемории сироятии коронавирус  ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ бо усули “хона ба хона” мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Дар мулоқот  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иброз  намуд, ки мо бояд дар пешрафту шукуфоии давлат ва таъмини зиндагии арзанда ба шаҳрвандон  саҳми босазои худро гузорем ва ҳар қадаре метавонем худ ва наздиконамонро аз сироятёбии бемориҳои сироятӣ, аз қабили коронавирус эмин нигоҳ дорем.

Ҳамзамон оид ба  ҷалби сокинон ҷиҳати зироаткорӣ,  кишоварзӣ  дар  ҳар  сотиқи  замин,  вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки   фаъолияти   ҳизбӣ ва инчунин, ҷиҳати ихтиёран сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 суханронь карда шуд.

Дар анҷоми суҳбат ба  иштирокчиён  муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, варақаҳои иттилоотии истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ ва китоби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg