БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мубориза алайҳи терроризм вазифаи аҳли ҷомеа аст

ХОВАЛИНГ. Сокинони ноҳияи Ховалинг Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯъи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» - ро, ки рӯзҳои 4-5 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз тариқи оинаи нилгун тамошо карда, дар бораи хатари ба ҷомеаи ҷаҳонидоштаи он боз ҳам хубтару беҳтар ошно гардиданд.

Онҳо аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати  дар чунин сатҳ дар Душанбе даъват намудани чунин конфронсро ба хубӣ дарк намуданд.

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг кормандони масъули он дар асоси суханронии Президенти мамлакат дар муассисаҳои таълимии № 1 ва 2-и ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо бо хонандагону сокинони маҳал мулоқот доир намуда, муҳтавои баромадро ба онҳо ба таври возеҳ фаҳмониданд.

Зимни баргузории мулоқот аз суханронии Раиси муаззами ҲХДТ мисолҳо оварда, диққати шунавандагонро ба хавфу хатари ба давлату миллат ин вабои асрро таъкид намуданд.

Боиси қайд аст,ки дар суханронии Сарвари давлат роҳҳои мубориза ба терроризму ифротгароӣ ба таври возеҳ баён гардид. Таъкид карда шуд, ки террористу ифротгаро Ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ «худӣ»,  «бегона» ва ё «таҳаммулгарову» «тундгаро» буда наметавонад.

Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки ба ин ду мафҳум мавқеъ вамеъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg