БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДИЛҲОРО БА ДИЛҲО РАҲЕСТ...

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинолхти бештари манфиатҳои миллӣ. Мардуми заҳматкаши Қубодиёни бостонӣ ҳамарӯза баҳри сазовор  ва бо дастовардҳои арзанда ҷашн гирифтани 30-юмин солгадри Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳду талош намуда, тамоми имкониятҳои мавҷудбударо самаранок истифода намуда истодаанд.

Бо ин мақсад аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо  қишрҳои  гуногуни ҷомеа бо мақсади ҷалб намудани шахсони саховатманд  ба корҳои ободонӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Ин навбат бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  тариқи ҳашари дастаҷамъонаи аъзои ташкилоти ибтидоии “Бошқалъа”  наздики 1 километр роҳи автомобилгарди деҳаи Бошқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ӯтақара Назаров пурра таъмир ва асфалтпӯш карда шуд. Ин иқдоми наҷиби сокинони деҳаи Бошқалъа мушкилоти сокинонро ҳал намуда, бемамоният рафтуои онҳоро осон хоҳад кард.

Дар рафти баргузории корҳои ободонӣ  ба иштирокчин 248 адад варақаҳои иттилоотӣ ва 248 адад ниқобҳои истифодаашон яккарата тақсим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg