БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРОҒОЗИ ВАТАНДОРӢ МАҲАЛДОРИСТ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободу зебо намудани маҳалли зисту маконҳое, ки ба он алоқаманд аст,  корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза мегирад.

Чунин як кори дастаҷамъона бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Анористон”-и деҳаи Анористон роҳандозӣ карда шуд, ки хурду бузурги деҳа ба ҳашар баромада, оромгоҳи деҳаро тозаву озода намуданд. Ҳамзамон дар назди оромгоҳ бинои алоҳида барои лавозимотҳои зарурӣ бунёд сохтанд.

Чунин иқдомҳои созандагӣ, аз қабили бунёди роҳ, таъмиру таҷдиди мактаб,  бунёди истгоҳ, масҷид ва дигар иншоотҳои марбут ба маҳалла аз ҷониби мардуми маҳалла роҳандозӣ карда мешавад.

Аз ҷониби намонядагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус, истифодаи оқилонаи замин, эҳтироми якдигар  суханронӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg