БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИН БОЙИГАРИИ ҲАР ДАВЛАТ АСТ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, инчунин пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ва раиси ташкилоти ибтидоии “Сомониён” Самиев Сироҷиддин дар деҳаи Сомониён 3-и Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов мулоқот доир карда шуд.

Масъулин аз заминҳои корами кишоварзони деҳаи мазкур дидан намуда, ба истифодабарандагони заминҳо тавсияҳо дода, таъкид карданд, ки нигоҳубини зироатҳоро хуб ба роҳ монда, ҳосилро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд. Деҳқонон низ дар навбати худ ваъда доданд, ки баъди гирифтани ҳосил боз ба коркарди замин машғул шуда, ба ин васила мехоҳанд бозорҳои дохилиро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg