БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ОБРӮИ МИЛЛАТАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Касбу ҳунар ҳар як фардро дар ҷомеа сарбаланду соҳибэҳтиром мекунад. Инсон аз касби омӯхтааш худу оилаашро ҳам мехӯронад ва ҳам мепӯшонад. Барои ин, ҳар кас бо аз бар намудани касбу ҳунар агар сабру таҳаммул, ғайрат ва муҳаббат  ба устод дошта бошад, дар муддати кӯтоҳ соҳибкасб шуда метавонад. Тавре ба назар мерасад, бархе занони фаъоли Ҷамоатҳои шаҳраку  деҳоти ҷумҳурӣ  дар  хонаҳои истиқоматии худ чанд навъи либосҳои бофташуда ва ҷиҳози арӯсӣ, кӯрпаю кӯрпача ва чолбанду дигар навъи ороишоти арӯсиро омода намуда, ба маърази харидорон пешкаш месозад, ки  ҳама моли аълосифати дорои рангу бори диққатҷалбкунанда буда, харидорони зиёд дорад. Хусусан, ҳунарманди  боистеъдоди дӯзандагӣ Гадоева Бибимо истиқоматкунандаи деҳаи ба номи Садриддин Айнии Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён,  узви фаъоли ҲХДТ дар хонаи истиқоматии хеш ба таври ройгон ба ҷавондухтарони маҳаллии хонашини бешуғл касби дӯзандагиро меомӯзонад. Гадоева Бибимо 20 нафар ҷавондухтарони бешуғлро дар хонааш тамоми шароитро муҳайё намуда, як сехи дӯзандагӣ кушода, ба шогирдон дӯхтани чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, шерозбофӣ ва ғайраро  омӯзонда  истодааст.

Ба ин хотир намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба аёдати ин зани ҳунарманд рафа, аз наздик аз ҳунари ин зан шинос шуданд.

Зимни аёдат намояндагони ҳизбӣ иброз доштанд, ки барои  аз даст нарафтани фарҳанги либоспӯшӣ ҳарчӣ бештар либосҳои миллии хешро ҳамчун рукни муҳими фарҳангӣ миллӣ ҳаматарафа дар байни мардум тарғибу ташвиқ намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg