ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани соли нави хониш ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони муассисаи томактабии кӯдакистони №3-и деҳаи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” ҷиҳати амалӣ намудани корҳои ободонӣ, тозаю зебо гардонидани маҳалли зист ва дохили муассисаи томактабӣ як қатор корҳои созандагиро ба анҷом расониданд.
Дар амалишавии корҳои ободонӣ ва таъмиру азнавсозии утоқҳои хоби кӯдакон, майдончаҳои варзишӣ сокинон дар корҳои созандагию ободонӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд.