
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси супоришҳои роҳбарияти болоии ҲХДТ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара вобаста ба риоя шудани талаботи мазкур корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ бо усули “хона ба хона” тақвият дода истодаанд.
Дирӯз кормандони ҳизбӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ дар дӯконҳои фурӯши либоса ва хӯрокаи бозори Ҷамоати деҳоти Пушинг корҳои таблиғотӣ гузаронида, ба онҳо варақаҳои иттилоотиро тақсим намуданд.