БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳимояи марзу буми кишвар вазифаи ҷонии мо ҷавонон аст

ДАНҒАРА.Бахшида ба 73- солагии Рӯзи Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ва дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  дар  кӯчаи марказии ҷамоати шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара ҳамоиши ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Каримов Пирмаҳмад, фаъолон, кормандони масъули Кумитаи иҷроия ва аъзои намояндагии ТҶҶ  «Созандагони Ватан” аз роҳи марказӣ дар даст пачамҳои давлативу ҳизбӣ, гулу гулдастаҳо ва гулчамбар ба самти ҳайкали Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги  Ватанӣ  Исмат  Шарифов бо шукргузорӣ аз ваҳдати комилу сулҳи пойдори кишвар роҳпаймоӣ намуда, дар назди ҳайкали Қаҳрамони миллат  гулчанбар  гузоштанд.

Сипас, дар назди ҷамъомадагон Каримов Пирмаҳмад аз хизматҳои арзандаи  иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар набардҳои даҳшатбори ҷанг, ки  бар зидди душман  далерона ҷангидаанд,  ёдовар шуда, ҷавононро ба омӯзиши таърих ва дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу буми кишвар даъват намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg