БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБЛИҒОТ ТАВАССУТИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод дар муассисаи таҳисилоти миёнаи умумии №2” оид ба тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофе, ки минтақаи вобасташудаи муассиса  мебошад, корҳои ободонӣ гузаронида шуд.

Дар корҳои ободонӣ иштирокдорон  саҳни бинои муассисаи таълимиро аз партову алафҳои худрӯйи бегона тоза карда,  бехи дарахтонро нарму мулоим карданд. Пас аз анҷоми  корҳои ободонӣ  масъулин вобаста ба  бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки замин андешаҳои хешро баён дошта, таъкид карданд, ки  дар ин давраи  ҳассос  риояи  қоидаҳои беҳдоштӣ  ва пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои серодам ҳатмӣ мебошад.      

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg