БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрӣ бо усули  “хона ба хона”  барои истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва пешгирии бемории коронавирус бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи  ба номи Исмоили Сомонӣ гузаронида шуд.

Дар  рафти чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ  ба аҳолӣ  муроҷиатномаи ҲХДТ ва тавсияномаҳо оид ба масъалаҳои болозикрро дода, таъкид карданд, ки  татбиқи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ин давраи мураккаби зиндагӣ барои ҳар як шахс ҳатмӣ  ва зарур мебошад. Агар мо ба ин қоидаҳои санитарӣ  диққати махсус диҳем, ягон бемории сироятӣ моро  сироят карда наметавонад.  Инчунин, аз сокинон  ҷиҳати оқилона истифода бурдани  замин, аз ҷумла  корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ  ба хизмати Ватан-Модар ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ даъват ба амал оварда шуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg