БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БАР ЗИДДИ КОВИД - 19 МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шщинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус дирӯз аз ҷониби  масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара  корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишин  оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, риояи фосилавии муошират, истифодаи ҳатмии ниқоби тиббӣ, худдорӣ намудан ва бе зарурат ба кӯча набаромадан баргузор гардид.

Зимни мулоқот ба сокинон  таъкид карда шуд, ки ҳоло ҳам хатари бемории сироятии коронавирус ба охир  нарасидааст,  пас моро мебояд, ки ҳар яки мо қоидаҳои гигиенаи санитарию шахсиро  ҳатман риоя намоем. Бо ин васила метавон худ ва наздикони худро аз ҳар гуна бемориҳо эҳтиёт намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg