БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН БА МАНФИАТИ МОСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Ҷамоати деҳоти Туғаланг корҳои таблиғотиро дар самти муқовимат бо бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода намудани заминҳои корам роҳандозӣ намуданд.

Зимни суҳбат бо сокинон масъулин дар бораи  ҳар ваҷаб замини  бекорхобидаро дуруст ва самаранок истифода бурдан  андешаронӣ карда, таъкид сохтанд, ки дар ин давра  набояд ягон ваҷаб замин холӣ монад. Сипас, дар навбти худ деҳқонон иброз доштанд, ки дарахтони ду солаи мо, аллакай имсол ҳосили дилхоҳ ба бор оварда, дар замини холимондаи миёни дарахтонро зироатҳои гуногун кишт намудаем, ки мо метавонем аз он  ҳосили дилхоҳ ба даст биёрем.

Дар фарҷом ба сокинон маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои тиббӣ дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg