
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии гурӯҳи кории кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус бо истиқоматкунандагон доир гардид.
Масъулин зимни суханронӣ қайд карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози сар задани ин вабо тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешида истодааст, то ки дар кишвари мо он паҳн нагардад ва ба мардум сироят накунад. Мо низ бояд бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ба масъалаи ҳифзи саломатии худ эътибори аввалиндараҷа диҳем, ҳамкории хешро бо Ҳукумати мамлакат дар самти беҳдошти вазъи ҷомеа ва пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ дареғ надорем. Дар ин маврид масъулин дар суҳбат захира намудани маҳсулотҳои ғизоӣ ва саҳмашон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ машғул шудан таъкид намуда, ба онҳо маҳлулҳои антисептикӣ, варакаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дастрас намуданд.