БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризм-омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кӯлобгаз” маҷлиси ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул қайд намуд, ки ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдҳо буда, гурӯҳҳои зиёде ба монанди ТЭТ ҲНИТ, Гурӯҳи-24 ва ғайраҳо ҳастанд, ки бо падидаҳои эктремистиву террористӣ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Бо андешаҳои нопоку муғризонаи худ, хусусан ҷавонони ноогоҳ аз таъриху тамаддуни худ ба доми ҷаҳолату марг кашида истодаанд. Ҷавонон ва тамоми қишрҳои гуногуни ҷомеа донанд, ки терроризму экстремизм падидаи нав нест, он солҳои охир ба вабо, омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокинони сайёра табдил ёфтааст.

Дар идомаи суҳбат роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кӯлобгаз” Ҷалолов Бахтиёр андешаронӣ карда, гуфт, ки таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфтаанд: “Мо тоҷикон аз таҷрибаи талхи худ медонем, ки ҷанг ба чӣ оқибати даҳшатнок оварда мерасонад. Барои он, ки ягон инсони рӯи замин ин даҳшатро ҳис накунад,  мо бояд аз қувваҳои террористӣ ва экстремистӣ халос шавем ва мамлакати худро аз таъсири марговари онҳо эмин нигоҳ дорем”, ҳамеша дар ёд дошта, бар зидди омилҳо ва падидаҳои террористӣ, ки ба оромиву осудагии мо монеаҳо ба миён меоранд, ҷиддан мубориза мебарем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg