БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину аънанаҳои муқаддаси миллат аст

КӮЛОБ. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар дар шаҳри Кӯлоб оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар минтақаи Кӯлоб”  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Ҷойи хурсандиаст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва ин бешубҳа сабаб дорад.Таърих гувоҳ аст, ки зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину аънанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.

Дар охир аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки модоме, ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мо аст, пас моро зарур аст фарҳанги миллиро бо тақлидҳои бегона фасод насозем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg