
КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ. Ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурдан аз маърифати баланди шаҳрвандӣ дарак дода, нишонаи худшиносии миллӣ мебошад. Баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи самараноки ҳар қитъаи заминҳои бекорхобида дар шаҳри Кӯлоб масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо кишоварзони шаҳр мулоқотҳои судманд анҷом дода истодаанд.
Аъзои фаъоли ҲХДТ дар деҳаи Навободи шаҳри Кӯлоб шаҳри Кӯлоб зимни боздид ба масъулин иттилоъ доданд, ки ҳар қитъаи замини худро самаранок истифода бурда, бо мақсади ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, тамоми шароитҳои мавҷударо ба харҷ дода истодаанд.