БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи дӯрусти ҷавонону наврасон дар руҳияи ифтихори миллӣ

ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исмоил Гадоев бо сокинони маҳаллаҳои Ғоиб Сафарзода ва Маъруфхоҷа Баҳодурови ҷамоати шаҳраки Москва вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯри Исмоил Гадоев оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористиву экстеремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби шаҳрвандон бекор ба корҳои хонагӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи  ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи хизмати он, ҳифзу самаранок истифода бурдани ҳар қатра оби мусаффои Ватан суханронӣ карда,  изҳор дошт, ки соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ дар муддати кӯтоҳ аз 80% ба 31 % поён фароварда шуд. 

Дар охири вохӯрӣ иштирокдорон  ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва 14 нафар сокинон  ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Дар маҳалаҳои номбурда ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, бо маводҳои таблиғотӣ таъмин карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg