БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ МИЁНИ СОКИНОН ОИД БА ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои фарогир ва судманд гардидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади бурдани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба пешигирӣ, пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо ҷалби волонтёрону фаъолони ҳизб дар миёни аҳолӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Худ ва наздиконатро аз коронавирус муҳофизат намо" бо усули "хона ба хона" гузаронида шуд.

Ҳамзамон, зимни суҳбату вохӯриҳо кормандони масъули ҳизбӣ дар маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб қайд намуданд, ки дар ин марҳилаи ҳассос ҳеҷ кас набояд бетараф бошад, барои саломатии миллат ҳар як фарди ҷомеа масъул аст. Имрӯзҳо шиддати коронавирус кам шуда бошад ҳам, вале хатари он то ҳол ба назар мерасад. Аз ин рӯ, аз сокинон даъват ба амал оварда мешавад, ки бе зарурият ва бе ниқоби муҳофизатӣ аз хонаҳои истиқомати набаромада, аз сафар ба  дигар шаҳру ноҳияҳо ва ҷойҳои серодам мувақаттан худдорӣ намоед. Инчунин, ба сокинон 110 адад варақаҳои иттилоотӣ ва 90 адад ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим ва дастраси сокинон гардид.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg