БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсади татбиқи самтҳои афзалиятноки ҲХДТ беҳбудии ҳаёти иҷтимоии мардум

ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардида мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Ватан маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дигар шахсони расмӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дар ин росто беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бештар сохтани имкониятҳои дастгирии аҳолӣ ба таълим, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ ибрози ақида намуда, даъват бар он намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Пешвои миллат ҳар як фарди ҷомеа бояд саҳмгузор бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg