БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои миллӣ ва ғояҳои созандаи давлатсозии миллӣ неруи созандагиву бунёдкории сокинони маҳалро бедор сохт

НОРАК. Дар деҳаи Даҳанаи  ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  Ғафурзода Фирдавс, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак Одилов Сайдалӣ, Набиев Суҳроб оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба “Соли тақвияти робита бо маҳал” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар баробари баррасии масъалаҳои  мазкур, инчунин  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҳамзамон масъулин  дар назди иштирокдорон  оид ба   баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм  ва роҳҳои пешгирӣ аз он,  аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ карда,  ба иштирокдорон  барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои олии давлатсозии миллӣ  маслиҳатҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg