БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти ватансозӣ ва давлатдории миллӣ дар фаъолияти ҲХДТ

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  ҲХДТ   ва  оид  ба  тақвияти  робита  бо  маҳал  бо  сокинон мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд.

Дирӯз бо иштироки мудири бахши кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати шаҳраки  Бохтариён  вохӯрӣ доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асроров Саидшо оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ  аз  паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, эълон гардидани Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремисти, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватанпарварӣ, муттаҳид  намудан мардум дар атрофи ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор  суханронӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ дар деҳаи Ваҳдат ба иштирокдорон китобу тақвимҳо ва қарорҳои қабулкардаи  маҷлиси  Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ  дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg