БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ БА САЛОМАТИ ИНСОН ФОИДА ДОРАД

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, рӯёнидани маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ, инчунин барои пешгирии бемории коронавирус, ки дубора дар байни омма авҷ нагирад, аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ суҳбатҳои «хона ба хона» дар деҳаи Зартеппа гузаронида шуда, сокинон таъкид карда шуданд, ки  қоидаҳои беҳдоштиро ҳамарӯза риоя намоянд ва дар ҳифзи солимии ҷомеа бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ саҳм гузоранд.  Инчунин, аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки заминҳои дар ихтиёрдоштаи хешро мақсаднок истифода бурда, барои  таъмини амнияти озуқаворӣ талош варзанд.  Дар охир ба онҳо барои истифодаи ҳамарӯзаашон аз тавсияҳои дар варақаҳои таблиғотӣ овардашуда, маводҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg