БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсади асосии ҲХДТ - таъмини зиндагии шоиста ба ҳар сокини кишвар

ЛЕВАКАНТ. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар кӯчаи  ба номи Носири Хусрав 29, 31-и шаҳр  бо сокинони ҷамъомади ҳизбӣ  баргузор гардид.

Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат, Валиев Суҳроб ва  Бобоҷонова Гулҷаҳон  дар ҷамъомади ҳизбӣ иштирок дошта, вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  тақвият бахшидани робита бо маҳал ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуданд.

Инчунин, масъулин  зимни суханронии хеш оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон аз гурӯҳҳои ифротӣ, мубориза алайҳи амалҳои коррупсионӣ дар бораи терроризму экстремизм, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, муборизаи муташаккилона бар зидди чунин гурӯҳҳои тундгаро ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа суханронӣ карда, аз иштирокдорон ҷиҳати муборизаи дастаҷамъона алайҳи зуҳуроти номатлуби  ҷомеа даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg