БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолгардонии аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз хатари терроризму экстремизм

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур вохӯрӣ доир гардид.

Дар оғози мулоқот котиби  раиси ҷамоати шаҳраки Бохтариён суханронӣ намуда, оид ба мазмун ва муҳтавои вохӯрӣ  ибрози ақида кард.

Сипас мудири бахши кор бо  ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидшо Асроров  баромад намуда, вобаста ба таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он,  амалӣ намудани дастуру супоришҳои  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаи он  суханронӣ намуд.

Инчунин, дар рафти маҷлис оид ба масъалаҳои  паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВИЧ/СПИД, сил ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар робита ба соли 2018  ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии бевоситаи ҳунармандон дар эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, тарбияи ватандӯстӣ, ки амнияту оромии мамлакат аз ин вобаста аст ва хатарҳову нооромиҳои кариб 100 давлати ҷахон, ки ба ҳар роҳу восита ба гирдоби терроризму экстремизм кашида шудаанд, ташкили гурӯҳҳои ифротгаро дар шабакаҳои интернетӣ, муборизаи беамон бар зидди коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg