КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, ҳамарӯза миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, ба сокинон оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи заминҳои бекорхобида тавсияҳои судманд медиҳанд.
Зимни баргузории вохӯрӣ дар маҳалаи Файзободи шаҳри Кӯлоб ба сокинон оид ба истифодаи самараноки замин ва ҳамзамон, оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус маълумот дода, ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастрас карданд.