КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби волонтёрони намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроия чорабинии фаҳмондадиҳиро таҳти унвони “Худро аз каронавирус муҳофизат намо!” баргузор намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин Аксия пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус (Covid-19) ва огоҳонидани аҳолӣ оид ба самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб замини корам буда, аз ҷониби масъулини ҳизбӣ ба аҳолӣ наздики 500 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.