БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - РОҲНАМОИ АМАЛҲОИ СОЗАНДА

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо истифода аз машварати назоратии назди раиси ноҳия бо аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолони ҳизб ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мулоқот доир намуд.

Дар вохӯрии мазкур Маҳмаддовуд Ҳалимов дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбиро дар самти муқовимат бо бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ расонида, ба аҳли ҷамоатчигӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мазкур, дар ин замина таъсиси гурӯҳҳои корӣ аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоӣ бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо бо шаҳрвандон тавсияву маслиҳатҳо пешниҳод намуд.

Сипас, доир ба пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус баромад карда, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва риояи масофаи байниҳамдигариро, ки  яке аз омилҳои муҳим барои пешгирӣ аз сироятёбии “Ковид - 19” мебошад андешаронӣ  кард. Раисони ташкилотҳои ибтидоиро барои ба таври лозимӣ ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ дар самти муқовимат бо ин вабои аср ва самаранок истифода бурдани ҳар як порча замин бо аҳолӣ таъкид намуд.     

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат ба  ташкилотҳои ибтидоиро оид ба коргузориву ҳуҷҷатнигорӣ, зиёд намудани сафи аъзои ҳизб, пардохти саривақтии ҳаққи аъзогӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба бахшида ба таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg