Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Маҷлиси ҳисоботӣ -интихоботии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид.
Аз фаъолияти Кумитаи иттифоқи касаба раиси иттифоқи касабаи ташкилот - мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Муродов Раҳмон дар соли 2019 ва нимсолаи аввали 2020 ҳисобот дод.
Маҷлиси Кумитаи иттифоқи касаба ҳисоботи Комиссияи тафтишотиро шунида, ҳайати нави иттифоқи касаба иборат аз 3 нафар ва комиссияи тафтишотиро интихоб намуд. Бо пешниҳоди аъзои Кумитаи иттифоқи касаба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ализода Сурайё ба вазифаи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Кумитаи иҷроия дар ноҳия Муродов Раҳмонро пешниҳод карда, аз ҷониби аъзои Кумитаи иттифоқи касаба дастгирӣ ва интихоб карда шуд.
Маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Кумитаи иҷроия ба конференсияи вилоятии Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони ҳизбӣ як нафар вакил интихоб намуданд.