БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ – ОМИЛИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус, вусъатбахшии раванди корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, аз ҷумла кишти такрорӣ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Баҳодурони Ҷамоати деҳоти Гулистон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда,  аз варақаҳои иттилоотӣ, барои пешгирӣ аз коронавирус COVID-19 ба мардум нисбати ин вируси хатарнок тавсияҳои муфид пешниҳод карданд.

Валиев Суҳроб мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия дар мавриди нишонаҳои аввали бемории COVID -19, роҳҳои пешгирии он, истеъмоли ғизои солим, ташаккули тарзи ҳаёти солим, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ маълумот дода, таъкид намуд, ки эҳтиёт кардан ва риояи қоидаҳои санитарӣ шарт ва зарур аст.
Дар ин росто моро зарур аст, ки ба тозагӣ ва гигиенаи шахсӣ диққат дода, ҳавои хонаҳоро зуд-зуд иваз намоем ва бо ин роҳ худу атрофиёнамонро аз  сироятёбӣ ба ин беморӣ эмин нигоҳ дорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg