ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии бемории коронавирус дар деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Тугарак мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот масъулин дар бораи самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаи замин, гирифтани се чор ҳосил аз замин бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ андешаронӣ карда, онҳоро барои меҳнати софдилона баҳри таъмини зиндагии арзанда даъват карданд. Дар охир ба сокинону кишоварзон маводҳои таблиғотӣ оид ба самаранок истифодабарии замин дастрас карда шуд.