БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ БА ВАТАН - ХИЁНАТ БА МОДАР

ВОКУНИШ. Дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар партави сиёсати Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ фарди солимфикру боинсоф инкор карда наметавонад.

Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол  талош доранд, то дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чи бештар саҳмгузор бошанд. Дар баробари ин бояд тазаккур дод, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли 29 сол хело зиёданд, ки ин пешравию шукуфоии Ватанро   бархе аз бадхоҳон, хоинону ватанфурӯшон ва душманони дохиливу хориҷии миллату давлати Тоҷикистон ва хоҷагони бурунмарзӣ дидан намехоҳанд. Баъзе аз нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд.

Филми мустанади “ХИЁНАТ”, ки ҳамарӯза тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуда истодааст бо маврид буда, далели гуфтаҳои болост. Дар филми мазкур амалҳои хоинона, муғризона, ноҷавонмардона ва душманонаи роҳбарияти ташкилоти террористиву экстремистии собиқ ҲНИТ-ро нишон медиҳад, ки чи гуна миллату давлати худро зери оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашонидан. Бо ин қаноат накарда то имрӯз дар хориҷ аз кишвар бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд, дубора болои миллат ҷанги шаҳрвандиро барангезанд. Лек фаромӯш кардаанд, ки миллати сарбаланди Тоҷикстони соҳибистиқлол симои асоссии ин хоинонро шихнохтааст ва дубора ба ин миллатфурӯшон бовар намекунанд.

Гурӯҳе бо номи Паймони миллӣ (Паймони иблисон), ки аз ҷониби яке аз торреристони наҳзатӣ Муҳиддин Кабирӣ таъсис дода шудааст, ба ҷуз як ташкилоти террористӣ дигар чизе нест.    

Ҳамаи ҷавонони роҳгумзадаи тоҷик, ки ба сафи давлати худхондаи ба ном Исломии ДИИШ шомил шудаанд ва бар зидди қонунҳои конститутсионии давлатҳои Сурияву Ироқ меҷанганд дастпарварони ТЭТ ҲНИ мебошанд. ҳамин, моро  лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз  макру дассисаҳои навбатии душманони  миллат  огоҳ созем.

Каримов Маҳмаднозир, волонтёри маҳфили волонтёрони назди  КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg