ВОКУНИШ. Филми ҳуҷҷатие, ки бо номи "Хиёнат" дар шабакаҳои телевизонӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардид, бори дигар амалҳои баду кирдорҳои нангини хоинони миллатро тасдиқ намуд. Филми мазкур аз мақсадҳои ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолияташон манъ гардидаанд, ҳикоят мекунад.
Ҳангоми тамошои филми ҳуҷҷатии "Хиёнат" амалҳои ифротгароиву террористии ҳизби наҳзати ислом, бахусус Муҳиддин Кабирии хоини хиёнаткор ва пайравонаш ба таври возеҳ ифшо гардид. Имрӯзҳо мо шоҳиди онем, ки аз тарафи шахсоне, ки бо ҳар воситаву баҳонае худро дӯстдорони Ватан нишон дода, то ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳоеро пахш карда, ончунон худро дилсӯзи миллат мегиранд, ки гӯё "мӯсичаи бегуноҳ" ҳастанд, ки ба касе зараре намерасонанд. Маҳз бо пахши ин филм ва далелҳои дар он овардашуда, бори дигар тамоми амалҳои ноҷавонмардонаи ин хиёнатпешагонро ошкор намуд. Дар баробари пахши ин филм боз чандин нафарони дигар, ки бо тарғиби ақидаҳи носолим фирефтаи хоинон гардида буданд баъди оне, ки аз мақсадҳои шуми Кабириву дигар пайравонаш огоҳ гардиданд, ангушти пушаймонӣ газида, ба Ватан баргаштанд. Албатта, он нафарон фирефта гардида буданд ва миллату давлат онҳоро бахшид. Лекин Кабирӣ аз он аждаҳосифате ҳаст, ки ҳеҷ гоҳ аз ақидаҳои ифротиаш даст намекашад. Ҳамеша думболи хоҷагони хориҷиаш гаштаву аз пулу моли онҳо ба таври васеъ истифода мебарад. Хоҷагони ӯ низ ин ватангумкардаро ба таври як лухтаке дар бозиҳои сиёсии худ истифода мебаранд. Яқин аст, ки бо истифодаи зиёд лухтак кӯҳна шуда, ба партовгоҳ партофта мешавад. Дар ин миён боварӣ дорам, ки Кабирӣ низ ҳамчун лухтак дар назди хоҷагонаш кӯҳна шуда, ба партовгоҳе партофта мешавад.
Ман худ ҷавони даврони соҳибистиқлол ҳастам ва шоҳиди давраҳои солҳои 90-ум нестам, аммо дар ҷанги шаҳрвандие, ки дар ибтидои солҳои навадум Тоҷикистон дучор гардида буд, ҳазорҳо нафар ҳамватанонамон куштаю садҳо ҳазор нафари дигар гуреза ва муҳоҷир шуданд. Бесарусомониҳо дар кишвар ҳукмфармо буд ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар паст гардида буд. Маҳз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар айёми мушкилтарину тақдирсоз сарварии давлатро ба уҳда гирифта, тавонист бо амалҳои мардона, ҷасурона, далерона бо як истеъдоди Худододӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад, фирориёнро ба ҷойҳои муқимӣ баргардонда, мардумро руҳбаланду ба ояндаи дурахшон дилпур сохт.
Сарвари давлат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии кишвар нишастанашон дар мароҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон зимни нахустсавганди ёднамудаашон гуфта буданд: "Тамоми донишу таҷрибаамро барои ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам..." Ва ба қавли худ устувор монд.
Ҳар як нафар новобаста аз синну сол бояд шукрона кунем то дар давлате, ки дар он сулҳ пойдор аст зиндагӣ ва фаъолият дорем. Натиҷаи меҳнатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тавонист мардуми парокандаро сарҷамъ намуда, ба Тоҷикистони азизи мо сулҳу оромӣ ва ободӣ биёрад. Пеш аз ҳама мо ҷавонон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода, ба он гапҳои беасосу пур аз туҳмату дурӯғҳои наҳзатиён дода нашуда, ҳамеша дар ободию пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем.
Дилноза Шоева, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб