КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ. Вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтани бемориҳои сироятӣ, ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва ба истифода даровардани заминҳои бекорхобида, дар шаҳри Кӯлоб корҳои назаррас анҷом дода шуда истодаанд.
Аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, алалхусус сокинони маҳаллаи Куҳнашаҳр бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳар қитъаи замини худро самаранок истифода бурда, бо мақсади ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, тамоми шароитҳои мавҷударо ба харҷ дода истодаанд.