БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат асоси рушду пояндагии давлат

БАЛҶУВОН. Тибқи   нақшаи  корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи   Балҷувон   дар деҳаи Хуррамдеҳи  ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғуломов Асомуддин  ва сармуҳосиби Кумитаи  иҷроия  Муродов Раҷабалӣ оид ба фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД, гепотит, бемори сил, пешгирии ҷавонон аз истифодаи маводҳои мухаддир маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

Инчунин дар вохӯрӣ масъулин оид ба масъалаҳои болозикр суханронӣ намуда, қайд карданд, ки  аксарияти ҷавонони мо ба хориҷи кишвар барои пешрафти иқтисодии зиндагӣ сафар мекунанд ва баъзе аз онҳо бо амалҳои зишти худ гирифтори бемориҳои сироятӣ мегарданд.

Мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Бемориҳои сирояткунанда бисёр хафнок буда, инсонро сироят кардани ангезандаи ин бемориҳо дар шароити ҳозира, ки усули самарабахши муолиҷа ва пешгирии махсуси онҳо вуҷуд надорад,  сабаби марги одам мегардад.

Дар охири вохӯрӣ масъулин аз иштирокдорон барои гирифтани пеши  зуҳуроти номатлуби ҷомеа даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg