БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- тарғибгари сиёсати давлат дар маҳал

ФАРХОР. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати дар маҳал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар деҳаи Шаҳртеппаи ҷамоати деҳоти Ватан бо иштироки сокнинони деҳа мулоқот баргузор гардид.

Дар вахӯрӣ корманди масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳмонов Далер иштирок намуда, дар назди ҷамъомадагон  оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  сухан ронда, вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин росто беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,  аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудани волидон дар самти таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози ақида намуда, даъват бар он кард, ки барои расидан ба ҳадафҳои  неки Пешвои миллат бояд ҳар як фарди ҷомеа саҳмгузор бошад.

Дар ҷараёни маҷлис бо дастгирии сокинон  дар деҳа ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Гулобод» таъсис дода шуда, раиси он Сулаймонов Самариддин интихоб гардид.

Дар охири  вохӯрӣ ба суолу дархостҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас гардонида, маводҳои таблиғотӣ ва китобчаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сокинони деҳа дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg