БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шаҳрвандон аз хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро огоҳ гаштанд

НОРАК. Гурӯҳи таблиғотии ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳоро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки ҲХДТ дар соли 2018 бо ҷалби истиқоматкунандагони маҳалаи Сари Гузар вохӯрӣ доир гардид.                                                                               

Дар вохӯрӣ  гуруҳи таблиғотӣ оид ба дастуру супоришҳо ва тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу бум, пешгирии касалиҳои сироятӣ, обод ва гулгулшукуфон кардани диёр, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, беҳтару шоиста гардонидани зиндагии хеш вазифаи ҳар як шаҳрванд донистанд,  суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом дар маҳалаи  зикргардида ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи “Сари Гузар” таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg