БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободонии хонадони мо аз амали созандаи мо вобаста аст

КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён  дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби омма дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва бахшида ба татбиқи ҳадафҳои «Соли тақвияти робита бо маҳал» бо мардум мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.

Бо ин мақсад дар деҳаи Деҳқонободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо сокинони деҳоти мазкур вохӯрӣ доир карда шуд, ки дар он мавзӯъҳои тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии ВИЧ/СПИД ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон, (таъсиси ташкилотҳои террористию экстремистӣ, маҳз дар шабакаҳои интернетӣ) ва гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ карда шуд.

Зимни вохӯрӣ ба мардуми маҳалла маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуда,  аз ҳисоби  шахсони бонуфузи деҳа, ки ба  ба сафи ҲХДТ  барои шомил шудан ариза пешниҳод  намуданд, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Деҳқонобод» таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg