БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Танзим- баракати хонадони ҳар як сокини кишвар

ВАХШ. Бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Вахш Файзуллоев Ҳабибулло дар Литсейи давлаии ноҳия чорабинии ҳизбӣ оид ба тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Файзуллоев Ҳабибулло ва зиёда аз 70 нафар ҷавонони касбу кори гуногуни ноҳияи Вахш иштирок карданд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ мавсуф иброз дошт, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ мебошад. Бояд кайд намуд, ки ҷавонон зиракии сиёсӣ ва ҳушёриро аз даст надиҳанд. Шукронаи тинҷию оромии кишвар карда,  ба доми фиребу найранги захоксириштон ва хоҷагони хориҷӣ наафтанд. Чунин масъалаҳои муҳим дар дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия баррасӣ карда шуда истодааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg